Ru  | Tj
Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созишномаи ҳамкорӣ баст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созишномаи ҳамкорӣ баст
Акс: Интернет

Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созишномаи ҳамкорӣ баст

Нашр шуд

Созишномаи ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалӣ рӯзи гузашта дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", мақсади созишнома аз беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонӣ ба сармоягузорон, рушд додани рақобатпазирии бахши хусусӣ дар самтҳои сайёҳӣ, нассоҷӣ ва дастрасӣ ба бозор иборат аст.

Ба иловаи манбаъ, созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки низоми санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ беҳтар карда шавад.

Ҳамчунин, тибқи созишнома, барои соҳибкорон низоми электронии хизматрасониҳо, алалхусус хазинаи ягона оид ба санҷишҳо ва иҷозату иҷозатномаҳо ҷорӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҷиҳати татбиқ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои мазкур бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд.

Моҳи октябри соли 2019 Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) иқдом пеш гирифта буд, ки дар таҳияи стратегияи миллии фарогирии молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ мерасонад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ 27 сол боз ҳамкорӣ дорад.


Намояндаи Русия: Нишондиҳандаҳои омории муомилоти молии Душанбеву Маскав бояд ба миллирад бирасад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед