Ru  | Tj
Тоҷикистон дар 30 сол беш аз 24 ҳазор мутахассиси низомии баландихтисос омода кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар 30 сол беш аз 24 ҳазор мутахассиси низомии баландихтисос омода кардааст
Акс: Sputnik

Тоҷикистон дар 30 сол беш аз 24 ҳазор мутахассиси низомии баландихтисос омода кардааст

Нашр шуд

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдат дар ҷамъомаде ба муносибати 29-мин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ширкат ва дар ҳузури низомиён суханронӣ кард. 

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон то имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ аз кишвар зиёда аз 24 ҳазор нафар мутахассиси низомӣ омода кардааст ва ҳамчунин айни замон 8 ҳазор нафар ҷавони дигар дар чунин муассисаҳо таҳсил доранд.

Президент афзуд, ки имрӯз боиси ифтихору қаноатмандӣ аст, ки афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштаанд ва Артиши миллии бисту нуҳ сол пеш таъсисёфта имрӯз ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Вай дар идома иброз дошт, ки дар даврони истиқлол барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ниҳодҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмӯъ, беш аз 2 ҳазору 200 бинову иншоот бунёд гардидааст. 

Сарвари давлат бо ишора ба вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯз гуфт, ки ин ҳолат аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо дорад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал чун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад.  

18-уми декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида,  23-уми феврали соли 1993 нахустин гузашти низомии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.


Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед