Ru  | Tj
Тоҷикистон дар қазияи Тайван аз мавқеи Чин ҳимоят кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар қазияи Тайван аз мавқеи Чин ҳимоят кард
Акс: Интернет

Тоҷикистон дар қазияи Тайван аз мавқеи Чин ҳимоят кард

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот эълон намуд, ки мавқеи Душанбе нисбат ба масъалаи Тайван бетағйир боқӣ мондааст.

Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 4-уми август матни комили изҳороти ин ниҳодро интишор намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:  «Мо ҷонибдори сиёсати «Чини ягона» ҳастем ва мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем».

Қаблан чанд кишвари  дигари Осиëи Марказӣ - Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ мавқеи тағйирнопазири худро дар бобати пуштибонӣ аз Чин дар масъалаи Тайван изҳор дошта буданд.

Рӯзи  2-юми август Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико ба Тайван рафт ва бо Президент ва вакилони Парлумони ин кишвар мулоқотҳо анҷом дод. Зимни ин дидорҳо Пелосӣ  бар азми Амрико барои ҳифз ва дифоъ аз демократия дар Тайван таъкид дошт.

Ин сафари намояндаи воломақоми Амрико масъалаи Тайванро доғтар кард ва ба мавҷи шадиди вокунишҳо боис гардид.

Аз ҷумла Русия сафари намояндаи Амрикоро як иғвои ошкори ин кишвар ба Чин унвон кард ва худи мақомоти Чин ҳушдор дод, ки сафари Пелосӣ ба Тайван "бисëр хатарнок" мебошад.

Тоҷикистону Туркия имсол ҳамоишҳои сармоягузорию тиҷоратӣ ташкил мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед