Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар феҳристи FIFA як зина боло шуд
Нашр шуд
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол зинаи 104-умро ишғол мекунад.
Дар радабандии нави тимҳои миллӣ, ки 28 ноябр дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафт.
Тибқи ин феҳрист, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо 1203,08 имтиёз дар ҷойгоҳи 104-ум қарор дорад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом дода, дар он бар тимҳои миллии Непал (4:0) ва Афғонистон (3:1) пирӯзӣ ба даст овард.
Гела Шекиладзе, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон дар ин маврид, гуфт, ки бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Непал ва Афғонистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2027 буд, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад.
Миёни дастаҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон аз тимҳои миллии Қирғизистон (107), Лубнон (112), Кореяи Шимолӣ (114), Ветнам (117), Индонезия (125), Ҳиндустон (127) ва дигарон пештар буда, зинаи 17-умро ишғол мекунад.
Дар ин феҳрист мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1867,25 имтиёз дар байни 210 тими миллӣ дар ҷойгоҳи аввал аст. Мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1859,78 имтиёз ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1853,27 имтиёз зинаи севумро соҳиб шудаанд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед