Ru  | Tj
Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар Австрия намояндагии тиҷоратӣ боз мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар  Австрия намояндагии тиҷоратӣ боз мекунад
Акс: Интернет

Тоҷикистон дар ояндаи наздик дар Австрия намояндагии тиҷоратӣ боз мекунад

Нашр шуд

Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон ва шаҳри Клагенфурти Австрия намояндагиҳои тиҷоратии тарафҳо ифтитоҳ ëбад.

Палатаи савдо ва саноат дар ин бора хабар додаву гуфтааст, ки ин матлаб дар мулоқоти Манзура Рустамова, муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат  бо муовини Раиси шаҳри Клагенфурти Австрия Алоис Долинар дар Душанбе баррасӣ шудааст.

 Рустамова дар ин дидор  бештар ба масоили густариши ҳамкории бахши хусусии Тоҷикистон ва шаҳри Клагенфурт таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз  Долинар хостааст, ки доираҳои соҳибкории ин шаҳрро барои иштирок дар намоишгоҳҳои дар  Тоҷикистон баргузоршаванда ҷалб намояд. 

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки бахши хусусии шаҳри Клагенфурт барои ошноӣ пайдо кардан бо фазои сармоягузории  Тоҷикистон метавонанд аз флеш-корти нави таҳияшудаи «Роҳнамои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар вебсайти Палатаи савдо ва саноат ҷойгир карда шудаву дорои маълумоти зиёд аст, истифода намоянд.

Долинар таъкид доштаст, ки миёни бахшҳои хусусии ду кишвар имконот ва зарфияти истифоданашудаи зиёд вуҷуд доранд ва ӯ омода аст, ки барои амалӣ намудани ташаббусҳое, ки ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Клагенфурт мусоидат мекунанд, талош намояд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2013 миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи федеролии иқтисодии Австрия Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. 

Алоис Долинар ҷиҳати иштирок дар севумин Ҳамоиши байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ба Тоҷикистон омада буд.


Наврасон, ҷавонон, бонувон: Велосипедронҳои Осиë ба Душанбе меоянд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед