Ru  | Tj
Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси шукуфоӣ” ду зина боло рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси шукуфоӣ” ду зина боло рафт
Акс: Sputnik

Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси шукуфоӣ” ду зина боло рафт

Нашр шуд

Дар радабандии нави “Шохиси шукуфоӣ” ё худ Prosperity Index-и Пажӯҳишгоҳи Легатум Тоҷикистон мавқеи худро беҳтар кардааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Пажӯҳишгоҳи Легатуми Британия, Тоҷикистон дар  тозатарин радабандии Legatum Prosperity Index миёни 167 кишвари ҷаҳон ду зина боло рафта,  дар мақоми 110-ум қарор гирифтааст. 

Гуфта мешавад, зимни омодасозии ин шохис аз сӯи муҳаққиқон 12 нишондиҳанда, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, амният, дастрасӣ ба бозор ва зерсохтор, сатҳи зиндагии аҳолӣ, сармояи иҷтимоӣ, фазои сармоягузорӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ин бор Дания, Норвегия ва Шветсия се мақоми аввали ин радабандиро ба худ ихтисос додаанд.

Дар паҳӯҳиши коршиносони Легатум зикр шудааст, ки Тоҷикистон аз нишондиҳандаҳои сармояи иҷтимоӣ ва таъмини амнияти бештари имтиёзҳоро ба даст овардаву аммо камтарин имтиёзро дар заминаи озодии шахсӣ гирифтааст. Лозим ба зикр аст, ки  назар ба соли қаблӣ Тоҷикистон нишондиҳандаҳои худро аз рӯи нишондиҳандаҳои шароити корхонаҳо ва фазои сармоягузорӣ беҳтар кардааст. 

Бояд гуфт, ки солҳои 2013-ум ва 2014-ум дар радабандии Пажӯҳишгоҳи бритониёии Легатум Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми 94-ум ва дар соли 2015-ум зинаи 91-умро касб карда буд. 

Қаблан низ дар чандин радабандиҳои мухталиф Душанбе, пойтахти кишварро аз лиҳози таъмини амният ва дастрасии хӯроку хидматрасонӣ аз беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон дониста буданд. 

Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисонро тақвият мебахшанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед