Ru  | Tj
Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои сулҳдӯст ҷой 97-умро ишғол намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои сулҳдӯст ҷой 97-умро ишғол намуд
Акс: Интернет

Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои сулҳдӯст ҷой 97-умро ишғол намуд

Нашр шуд

Таҳлилгарони Институти иқтисод ва сулҳ (Institute for Economics & Peace, IEP) Тоҷикистонро ба гурӯҳи кишварҳои сулҳдӯсти сатҳи миёна шомил намуданд. Дар гурӯҳи мазкур, ҳамчунин Қазоқистон дар мақоми 67-ум, Қирғизистон 76-ум, Ӯзбекистон 90-ум ва Туркманистон дар мақоми 109-ум қарор доранд.

Исландия кишвари аз ҳама сулҳдӯсти ҷаҳон эътироф гардида, ба гирифтани ҷойи аввал сазовор гардидааст.

Сурия, Яман ва Афғонистон ҳамчун кишварҳои нооромтарини дунё унвон шудаанд.

Ҳангоми раддабандӣ сатҳи ҳамфикрӣ дар ҷамъият, риояи ҳуқуқи инсон, устувории сиёсию иқтисодӣ, шумораи зиндониён дар ҳабсхонаҳо, сатҳи хатари терроризм, хароҷот дар соҳаи амният ва иштирок дар амалҳои ҳарбии дигар кишварҳо ба назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин, тибқи хулосаи институти мазкур, 87 кишвар нисбат ба соли 2020 дар соли 2021 нисбатан тифоқтар гардида ва 73 кишвари дигар, баръакс имсол нисбат ба соли гузашта тиффоқиашонро аз даст додаанд.



Довари тоҷик барои ҳакамӣ ба Токио меравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед