Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар садри радабандии Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ қарор гирифт
Нашр шуд
Тоҷикистон дар садр аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ ва беҳтарин макони сайёҳӣ аз назари қабули сайёҳони хориҷӣ қарор гирифт. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бо ибтикори Бонки Осиёии Рушд, ахиран дар шаҳри Бангкоки Тайланд семинари кӯтоҳмуддати омӯзишӣ доир гардид, ки 41 нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳиро аз 30 кишвари Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ба муддати се рӯз ба ҳам овард.
Зимни гузоришҳои таҳлилӣ ва нишондиҳандаҳои оморӣ эълон шуд, ки дар давраи нимсолаи якуми соли 2024 дар самти “Бозорҳои беҳтарини сайёҳӣ аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ” Тоҷикистон бо афзоиши назарраси сайёҳии содиротӣ (+420 фоиз) дар садри ҷадвали Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ қарор гирифтааст.
Баъд аз Тоҷикистон кишварҳои Сербия, Непал, Латвия, Ирландия, Туркия ва Украина дар мақоми ду, се, чор ва панҷум қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар радабандии дигари Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ дар бахши “Беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ” аз моҳҳои январ то июли соли 2024, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба кишвар (+75%) баъд аз Албания ва Сербия сазовори ҷой 3-юм гардид.
Тибқи омори расмӣ, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 223,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ боздид кард. Аз ин миён 941,3 ҳазор нафар тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3 дарсад бештар аст.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ соли 2023 теъдоди ҷаҳонгардон дар кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ба 238 миллион нафар расид ва интизор меравад, ки ин шумора то охири соли ҷорӣ ба 363 миллион нафар расад.
Гуфта шуд, ки рушди устувори соҳаи сайёҳӣ соли 2023 ба иқтисоди миллии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором 2.6 триллион доллар даромад овард, ки ин маблағ 7.3% маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои минтақаро ташкил медиҳад.
Зикр мешавад, ки агар рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақа бо чунин сураът идома ёбад, то соли 2034 дар кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором дар бахши хидматрасонии сайёҳӣ 255 миллион шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, аз ин ҳисоб 5.8 триллион доллар фоидаи соф ба даст меоранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед