Ru  | Tj
Тоҷикистон дар се моҳ ба Русия 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар се моҳ ба Русия 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон дар се моҳ ба Русия 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир кард

Нашр шуд

Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар бахши содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ рушд карда, ахиран намояндагони ҳукумати вилояти Свердловск ба Душанбе омаданд.

Дар Душанбе мулоқоти Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Анна Кузнетсова, вазири саноати кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Русия баргузор гардид. Дар ин бора маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин мулоқот намояндагони сохторҳои Вазорати кишоварзӣ, Агентии содирот ва бахшҳои хусусӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва бахшҳои давлативу хусусии вилояти Свердловски Русия иштирок намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти содироту воридоти молу маҳсулоти кишоварзӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин замина зикр шуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Русия 4,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 8,1 миллион доллар содирот шудааст. Гутфа мешавад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 79 тонна ва аз рӯйи арзиши гумрукӣ 2,4 миллион доллар зиёд мебошад.

Инчунин дар ин давра воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 ҳазор тонна ба маблағи 1 миллион доллар ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм 1 ҳазор тонна ва аз рӯйи арзиши гумрукӣ 358 ҳазор доллар кам аст.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар умум 84 ҳазору 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 1 млрд сомонӣ ба хориҷа содир кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 50 дарсад зиёд аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед