Ru  | Tj
Тоҷикистон дар се соли оянда 1,5 млрд доллар қарз мегирад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон дар се соли оянда 1,5 млрд доллар қарз мегирад
Акс: аз Интернет

Тоҷикистон дар се соли оянда 1,5 млрд доллар қарз мегирад

Нашр шуд

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар се соли оянда барои амалисозии 60 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ҳудуди 1.5 млрд доллар қарзҳои хориҷӣ ҷалб кунад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ Барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025-ро баррасӣ ва тасвиб намуданд.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии берунӣ ҷалби маблағҳо барои 60 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 55 лоиҳаи қарзии мавҷуда ва 5 созишномаи нави қарзӣ пешбинӣ шудааст.

Созишномаҳои қарзии нав, ки дар маҷмӯъ 432,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳанд, барои иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои энергетика, иртибототу нақлиёт, обрасонӣ ва кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин ҷаласаи парлумон зикр кард, то 1 октябри соли 2022 ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон 3,8 миллиард долларро ташкил дод, ки ба 37,1 фоизи ММД-и ин кишвар баробар аст. Ҳаҷми қарзҳои хориҷӣ дар сохтори қарзи давлатии кишвар 3,2 миллиард доллар ва ҳаҷми қарзи дохилӣ 600 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ин кишвар бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ 9 созишномаи нави қарзию грантӣ имзо кардааст. Таъкид шудааст, ки ин созишномаҳо барои амалӣ намудани 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 млн доллар равона гардидаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед