Ru  | Tj
Тоҷикистон мехоҳад бо Финдляндия дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва маориф низ ҳамкорӣ дошта бошад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон мехоҳад бо Финдляндия дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва маориф низ ҳамкорӣ дошта бошад
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон мехоҳад бо Финдляндия дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва маориф низ ҳамкорӣ дошта бошад

Нашр шуд

Тоҷикистон ва Финляндия масоили мубориза бо терроризм ва амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.

24-уми май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Пекка Ҳаависто тариқи видео гуфтугӯ намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни суҳбат вазирон роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин вазирон ҳавасмандии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, маориф, муҳоҷирати корӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист иброз намуданд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи андоз

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед