Ru  | Tj
Тоҷикистон мунтазири 650 млн доллар сармояи Бонки ҷаҳонӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон мунтазири 650 млн доллар сармояи Бонки ҷаҳонӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон мунтазири 650 млн доллар сармояи Бонки ҷаҳонӣ барои нерӯгоҳи "Роғун" аст

Нашр шуд

Мақомоти Тоҷикистон интизор доранд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии минтақа – “Роғун” ҳудуди 650 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Дар ин бора Юсуф Маҷидӣ, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Тибқи тарҳе, ки коршиносон ба мо пешниҳод кардаанд, сухан дар бораи 6,2 миллиард доллар меравад ва дар ин замина саҳми Бонки ҷаҳонӣ [дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун"] тақрибан 650 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Интизор дорем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи сентябр ин дархостро тасдиқ хоҳад кард”, - гуфт Маҷидӣ.

Вай зикр кард, ки Вазорати молияи Тоҷикистон дар масъалаи маблағгузории нерӯгоҳи “Роғун” бо ин бонк ҳамкории зич дорад.

Маҷидӣ дар идома тавзеҳ дод, ки сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ низ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд дар якҷоягӣ бо сандуқҳои арабӣ маблағгузорӣ мешавад, ки "тибқи маълумоти пешакӣ, ин тақрибан 550 миллион аст".

Сохтмони бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа – "Роғун" бар фарози рӯдхонаи Вахш соли 1976 оғоз шуда, аммо пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ мутаваққиф шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бунёди неругоҳи "Роғун"-ро аз сар гирифт.

Дар ҳоли ҳозир аз шаш агрегат бо иқтидори умумии 3600 МВт, ду чархаи он ба кор андохта шуда, ба кор андохтани агрегати сеюм дар соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Зарфияти умумии нерӯгоҳи обии "Роғун" 3,6 ГВт буда, садди он 335 метр баландӣ хоҳад дошт.

Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон хабар дода буд, ки барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 6,2 миллиард доллар лозим аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед