Ru  | Tj
Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 содироти барқро ба 10 млрд кВт.соат расонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 содироти барқро ба 10 млрд кВт.соат расонад
Акс: Аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 содироти барқро ба 10 млрд кВт.соат расонад

Нашр шуд

Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳаҷми 2,6 млрд кВт.соат нерӯи барқ ба маблағи 110 млн доллар асосан ба Афғонистон ва Узбекистон содирот кард.

Рӯзи 26 ноябр Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳошияи 28-умин Конфронси ҷаҳонии сармоягузорӣ дар ҳамоиши канорӣ таҳти унвони “Танавуи манбаъҳои нерӯ: Суръат бахшидан ба сармоягузории мустақими хориҷии лоиҳаҳои энергетикӣ ва маъданҳо” дар Риёз иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Далер Ҷумъа дар ин ҳамоиш таъкид кард, ки ҳадафҳои калидии бахши энергетика дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян шудааст.

Ба гуфтаи вай, тибқи ин барномаи роҳбурдӣ, расидан ба ҳадафҳои калидии бахши энергетика аз рӯйи усулӣ 10/10/10/10 амалӣ мешаванд, ки тибқи онҳо афзоиши иқтидори лоиҳавии низоми электроэнергетикаи Тоҷикистон ба 10 ГВт расонида хоҳад шуд. Инчунин, ба таъкиди вазири энергетикаи Тоҷикистон ин кишвар ният дорад, ки содироти солонаи нерӯи барқ ба кишварҳои минтақаро то 10 млрд.кВт.соат афзоиш диҳад.

Дар идома далер Ҷумъа зикр кард, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, нерӯи барқ, асосан дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла неруи офтоб ва бод бошад дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад.

Тибқи омори расмӣ, Тоҷикистон дар соли 2023 ба кишварҳои хориҷӣ, асосан Афғонистон ва Узбекистон 2,6 млрд кВт/соат нерӯи барқ содир кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бошад дар Тоҷикистон наздики 15,4 миллиард кВт/соат барқ тавлид шудааст, ки аз он ҳудуди 1 миллиард кВт/соат ба хориҷа содир гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед