Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон номзадии худро барои дарëфти узвият ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард
Нашр шуд
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, вақти он расида, ки Тоҷикистон бори нахуст номзадии худро барои дарëфти узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмони милал пешбарӣ намояд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, роҳбари ин ниҳод Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ изҳор доштааст, ки Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти ин созмон дар солҳои 2028-2029 номзадии худро пешниҳод менамояд.
Вазири хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, пас аз ҳиссагузориҳои бисёрсола дар чандҷанбагароӣ (мултилатерализм) тариқи мушорикати фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои СММ, инчунин таҷрибаи беназири сулҳпарварӣ ва дониши амиқ дар бораи Афғонистон вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои дарëфти узвият дар Шӯрои Амният пешбарӣ шавад.
"Тоҷикистон ҷиддан муътақид бар он аст, ки давлатҳои хурд низ бояд имкони бештаре дошта бошанд, то ҷиҳати дарёфти роҳҳалҳо барои масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният саҳм гузоранд», — баëн доштааст вазири тоҷик.
Манбаъ меафзояд, Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кардааст, ки ин иқдом аз ҷониби тамоми кишварҳои узви Созмон пуштибонӣ хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки дар мавриди пешбарии Тоҷикистон ба дарëфти узвияти ғайридоимӣ дар ША СММ бори нахуст соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ ҳарф зада буд.
Шӯрои Амнияти Созмони милал панҷ узви доимӣ дорад: Русия, ИМА, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса. Ҳамчунин, дар давраҳои алоҳида кишварҳои гуногун узви ғайридоимии ин шӯро интихоб мешаванд. Аз давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон солҳои 2017-2018 узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ шуда буд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед