Ru  | Tj
Тоҷикистон рӯйхати ҷинояткорони таҳти пайгардро ба Туркия супурд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон рӯйхати ҷинояткорони таҳти пайгардро ба Туркия супурд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон рӯйхати ҷинояткорони таҳти пайгардро ба Туркия супурд

Нашр шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия масъалаи лағви раводидро низ баррасӣ кардааст.

Дар ҳошияи ҳамоиши таъмини амнияти фаромиллӣ дар шаҳри Лянюнгани Чин ахиран мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода бо муовини вазири корҳои дохилии Туркия, Меҳмет Сағлам доир гардид.

Тибқи иттилои ин ниҳод, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳоро дар бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, киберҷиноятҳо, шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, истирдоди ҷинояткорон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва лағви раводид миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон ба ҷониби Туркия рӯйхати ҷинояткороне, ки дар Тоҷикистон таҳти пайгард ҳастанд, супорида шуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки 20 апрели соли ҷорӣ Туркия низоми раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дубора ҷорӣ кард.

Дар фармони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки рӯзи 6 апрел дар рӯзномаи расмии ҳукуматии ин кишвар нашр шуд, гуфта мешавад, ин иқдом бар асоси қонун дар бораи хориҷиён ва ҳифзи амнияти байналмилалӣ гирифта шудааст.

Дар соли ҷорӣ расонаҳои Туркия борҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ҷиноятҳои террористӣ хабар додаанд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба унвони иҷрои усули мутақобил, аз 20 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Туркия низ низоми раводид ҷорӣ карда шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед