Ru  | Tj
Тоҷикистон содироти маҳсулоти ғизоиро ба Свердловски Русия зиëд мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон содироти маҳсулоти ғизоиро ба Свердловски Русия зиëд мекунад
Акс: Интернет

Тоҷикистон содироти маҳсулоти ғизоиро ба Свердловски Русия зиëд мекунад

Нашр шуд

Соли оянда ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Федератсияи Русия 2-3 баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши ТАСС, ин матлабро муовини раиси Шӯрои машваратии назди консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург  Ёқубҷон Умаров баëн доштааст.

Гуфта мешавад, тасмими бамаротиб афзоиш додани содироти маҳсулот дар пайи як боздиди ҳайати Тоҷикистон аз вилояти Свердловск гирифта шудааст.

Манбаъ меафзояд, ҳайати Тоҷикистон зимни ин сафар аз намоишгоҳи «Иннопром» дар Екатеринбург дидан кардаву  бо чанд соҳибкори рус дар мавриди интиқоли намак, сабзавот, меваҷот ва хушкмева шартнома бастаанд.

Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистон ба мақомдорони вилояти Свердловск пешниҳод намудааст, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содироти маҳсулот созишномаи ҳамкорӣ имзо намоянд.

Умаров, инчунин, таъкид доштааст, ки барои зиëд намудани ҳаҷми содироту меваҷоту сабзавот кишоварзони тоҷик ба сардхонаҳои муосир ниëз доранд.

Ин дар ҳолест, ки Саъдӣ Каримзода, Вазири кишоварзии Тоҷикистон қаблан аз афзоиши  бесобиқаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта хабар дода буд.

Каримзода гуфта буд, ки Тоҷикистон соли 2021-ум ба кишварҳои хориҷ ҳудуди 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2020-ум 79 ҳазор тонна бештар мебошад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бештар ба Русия ва дигар кишварҳои ИДМ маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.

Агентии омор аз афзоиши истеҳсоли гӯшт дар соли ҷорӣ хабар дод



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед