Ru  | Tj
Тоҷикистон содироти меваву сабзавот ба Русияро ба таври назаррас афзоиш дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон содироти меваву сабзавот ба Русияро ба таври назаррас афзоиш дод
Акс: Акчабар

Тоҷикистон содироти меваву сабзавот ба Русияро ба таври назаррас афзоиш дод

Нашр шуд

Тоҷикистон имсол ба Федератсияи Русия назар ба соли гузашта ҳудуди 2 ҳазор тонна бештар меваву сабзавот содирот кардааст.

Ба иттилои сомонаи расмии Росселхознадзор, дар соли 2021 ҳаҷми содироти меваву сабзавот аз Тоҷикистон дар қиёс ба 4,8 ҳазор тоннаи соли гузашта 38 дарсад афзудаву ба 6,7 ҳазор тонна баробар гаштааст.

Манбаъ гуфтааст, ки дар ин давра содироти гелос 19 баробар, меваҳои гуногуни хушк – 15%, аз ҷумла зардолуи хушк 6,6% афзоиш ёфтааст.

Тибқи ин хабар, имсол ба Русия аз Тоҷикистон 866 тонна гелос фиристода шудааст.

Росселхознадзор афзудааст, ки дар ин давра содироти меваҳо аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ афзудааст.

Аз ҷумла, имсол аз Қазоқистон содироти себ, аз Қирғизистону Туркманистон содироти помидору тарбуз ва аз Ӯзбекистон содироти тарбуз ба таври чамшрас афзоиш ёфтааст.

Қаблан Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ дар шаш моҳ ба 1231,6 миллион доллар баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 88,3% фоиз бештар мебошад.

Назар ба қавли Бобозода, дар ин давра ба хориҷа беш аз 106 ҳазор тонна сабзавот, 11,9 ҳазор тонна меваи хушк, 7,7 ҳазор тонна меваҷот ва дар маҷмӯъ 106,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 9,7 дарсад бештар аст.

Новобаста аз коронавирус. Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври рекордӣ афзоиш ёфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед