Ru  | Tj
Тоҷикистон тасдиқ кард: Эмомалӣ Раҳмон ба расми ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Пекин меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тасдиқ кард: Эмомалӣ Раҳмон ба расми ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Пекин меравад
Акс: Sputnik

Тоҷикистон тасдиқ кард: Эмомалӣ Раҳмон ба расми ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Пекин меравад

Нашр шуд

Хабаргузории расмии Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок мекунад.

Ба гузориши “Ховар”, Си Ҷинпин, Раисҷумҳури Чин дар маросими ифтитоҳияи Бозиҳиои XXIV олимпӣ дар Пекин бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ мулоқот анҷом медиҳад.

Манбаъ бо такя ба Телевизиони марказии Чин гуфтааст, ки Ҷинпин аз 4-ум то 6-уми феврал барои сарони кишварҳои хориҷӣ, раисони ҳукуматҳо, аъзои оилаи шоҳон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ зиёфат меорояд.

Ҳамчунин то имрӯз ширкати Владимир Путин ва сарони кишварҳои Қазоқистон, Узбекистон Туркманистон, Қирғизистон, Сингапур, Миср, Лаҳистон, Сербия, Аргентина ва Эквадор дар расми кушодашавии ин чорабинии бузурги варзишӣ тасдиқ шудааст.

Қаблан Ван Вэнбин, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин аз даъват шудани Эмомалӣ Раҳмон ба маросими ифтитоҳияи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ хабар дода буд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ 4-уми феврал дар Пекин, пойтахти Чин барзуор мешавад ва ин мусобиқаи муҳими варзишӣ то 20-уми феврал идома меёбад.

Қаблан Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар гуфта, буд, ки Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақи бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад.

Вай афзуда буд, ки дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин олимпиада ширкат хоҳанд кард.

Аммо чанд рӯз пеш "Азия-плюс" ба нақл аз Дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон навишт, ки ягон варзишгари тоҷик иҷозаи ширкат дар олимпиадаро ба даст оварда натавонистааст.



Чин Эмомалӣ Раҳмонро ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед