Ru  | Tj
Тоҷикистон тавлиди мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсусро тавсеа мебахшад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тавлиди мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсусро тавсеа мебахшад
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон тавлиди мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсусро тавсеа мебахшад

Нашр шуд

Дар Душанбе созишномаи сармоягузорӣ барои бунёди корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Ширкати "Сипар Групп" бо ҷалби 15 миллион доллар сармояи хориҷӣ тасмим гирифтааст, ки дар корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш банду басти 17 намуди мошинҳои махсусро роҳандозӣ карда, беш аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис диҳад.

Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар Душанбе байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Сипар Групп» барои таъсиси корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуд.

Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона банду басти то 120 мошини махсус дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда шавад.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи майи соли 2023 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳри Турсунзода корхонаи «Сипар гурӯҳ» барои банду басти мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ фаъол шуд.  Дар ин замина иттилоъ дода шуда буд, ки қисмҳои асосии васлкунии таҷҳизотро ширкати STREIT GROUP,-и Аморати Муттаҳидаи Араб таъмин мекунад. Он замон зикр шуд, ки мошинҳои зиреҳпӯш барои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пешбинӣ шуда, дар оянда содироти техникаи низомӣ ба хориҷи ин кишвар низ дар назар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед