Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тайи 10 соли охир беш аз 10 милярд долар сармояи хориҷӣ ҷалб кард
Нашр шуд
Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон гуфт, ки аз сармояҳои хориҷии ҷалбшуда ба иқтисоди ин кишвар 4 милярд долари он сармоягузории мустақим аст.
Дар пойтахти Тоҷикистон имрӯз ҳамоиши байнулмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» ба кор оғоз кард, ки нахуст муроҷиати видеоии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба иштирокдорони ҳамоиш намоиш дода шуд. Дар ин бора хабаргузории ТААС хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати видеоии худ ба ширкатдорони ҳамоиши байналмилалии “Душанбе-инвест 2023” таъкид кард, ки дар 10 соли ахир ба ин кишвар беш аз 10 милярд долар сармояи хориҷӣ ҷалб шуд, ки 4 милярд долари он сармоягузории мустақим аст.
«Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти кишвари мо ба маблағи беш аз 110 милярд сомонӣ (10 милярд долар) сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки беш аз 44 милярд сомонӣ (беш аз 4 милярд долар) сармоягузории мустақим мебошад», - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 82 тарҳи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 47 милярд сомонӣ (қариб 4,3 милярд долар) амалӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон дар идома таъкид кард, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва дигар созмонҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон аз мутобиқати қонунгузории ин кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамоиши байнулмилалии сармоягузории "Душанбе-2023" имрӯз дар Душанбе бо ҳузури 800 намоянда аз 30 кишвари ҷаҳон оғоз шуд. Аз ҷумла дар ин ҳамоиш сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин ва муовини сарвазир — роҳбари дастгоҳи Ҳукумати Қазоқистон Голимҷон Куйшибоев, ҳамчунин роҳбарони вазорату ниҳодҳои дахлдори марбута иштирок доранд.
Ҳадафи асосии ин ҳамоиш муаррифии шароиту имконот барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сармоя, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ ва мусоидат ба рушди тиҷорати диҷитолӣ унвон шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед