Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавофуқҳои сиёсиро густариш медиҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавофуқҳои сиёсиро густариш медиҳанд
Акс: ВКХ ҶТ

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавофуқҳои сиёсиро густариш медиҳанд

Нашр шуд

Омодагӣ ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни кишварҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ зимни нахустин тавофуқи сиёсӣ миёни кишварҳо дар шакли видео-мулоқот.

Дирӯз нахустин даври тавофуқҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

Тавре дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика ва гардишгарӣ баррасӣ шуда, дар ин замина зарурати таҳкими пояи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.

Ҳамчунин дар ин гуфтугӯ бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва масъалаҳои дигари минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат гирифт.

Ҳайатҳои тарафҳоро Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ Ид ас-Сақафӣ роҳбарӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаҳои Бонки исломии рушд ва Сандуқи рушди саудӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Арабистони Саудӣ амалӣ карда мешавад.


Дар Тоҷикистон 7-умин “Модели СҲШ” ҷамъбаст гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед