Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишномаҳои грантӣ ба миқдори 35 миллион долларро ба имзо расониданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишномаҳои грантӣ ба миқдори 35 миллион долларро ба имзо расониданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишномаҳои грантӣ ба миқдори 35 миллион долларро ба имзо расониданд

Нашр шуд

Рӯзи 25-уми июн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ чаҳор созишномаи маблағгузории зеринро имзо намуданд:

- Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор”-ҷиҳати амалишавии лоиҳаи мазкур грант ба миқдори 10 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шуда, он барои навсозии раванди таҳия ва паҳн намудани маълумоти оморӣ, васеъ намудани иштироки истифодабарандагони маълумоти оморӣ равона мешавад;

-Лоиҳаи “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ)”. Миқдори маблағгузории иловагӣ 6 миллион доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад, ки он ҷиҳати баланд бардоштани самаранокӣ, назорат ва ҳисоботдиҳии қисмати хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст;

-Лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ)” ба маблағи 10 миллион доллари амрикоии грантӣ;

Дар доираи амалишавии лоиҳаи мазкур дар назар аст, ки маҳалҳои аҳолинишини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо мекунанд. Инчунин, баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии таъминоти барқ ба истеъмолгарони ба шабакаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайвастгардида дар доираи лоиҳа пешбинӣ гардидааст.

-Лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал”;

Маблағгузории лоиҳаи мазкур низ иловагӣ буда, барои амалишавии он 9 миллион доллари амрикоии грантӣ ҷудо шудааст.

Ин миқдор маблағ бо мақсади таъмин намудани дастрасии минтақавӣ ба хизматрасонии босифат, инчунин афзоиш додани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати баланд бардоштани устувории иқлим, коҳиш додани хатарҳо ва кам кардани таъсири онҳо ба афзоиши манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешавад. 

Кӯмаки Қазоқистон ба армияи Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед