Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Чин: баррасии рушди муносибатҳо дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Чин: баррасии рушди муносибатҳо дар Душанбе
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Чин: баррасии рушди муносибатҳо дар Душанбе

Нашр шуд

21-уми апрел муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин мулоқот намуд.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо инчунин пиромуни раванди тадорукот ба иҷлосияи ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки қарор аст дар Душанбе моҳи сентябри соли равон ба муносибати 20-солагии созмон баргузор шавад, мубодилаи афкор намуданд.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед