Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ тавсеа медиҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ тавсеа медиҳанд
Акс: Интернет

Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ тавсеа медиҳанд

Нашр шуд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Тавре Шӯъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх зимни вохӯрӣ масъалаи роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои ду кишварро дар самти низоми бонкӣ ба баррасӣ кашидаанд.

Ҳоким Холиқзода дар сӯҳбат бо Вираҷ Сингх ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи бонкӣ, алалхусус дар масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ миёни бонкҳои тиҷоратии ду кишвар, боз кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои мамлакат дар бонкҳои Ҳиндустон, инчунин тавсеаи ҳамкории мутақобилаи низомҳои пардохтӣ баён намудааст.

Гуфта мешавад, ки миёни мусоҳибон дар масъалаи таъсиси намояндагиҳои бонкҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон мувофиқа ҳосил шудааст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷониби Ҳиндустон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи низоми бонкӣ изҳори омодагӣ кардааст.



Шоҳи Малайзия аз сатҳи олии муносибатҳои феълӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед