Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон ба расмисозии хатти марзӣ шуруъ карданд
Нашр шуд
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти навбатии ҷонибҳо, ки аз 11 то 19 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, санад ба имзо расид.
Дар асоси мувофиқаи бадастомада дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гуруҳҳои кории нақшабардорӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъин ва аломатгузории марзи ду кишвар баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳошияи мулоқот ҷонибҳо корро бо мақсади таҳияи минбаъдаи ҳуқуқии гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ карданд.
Гуфта мешавад, ки ду тараф корҳоро дар ин самт дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд. Дар ҷамъбасти мулоқот санади дахлдор ба имзо расид.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 4 декабр Қирғизистон ва Тоҷикистон аз анҷоми раванди тавсифи марзи миёни ду кишвар хабар доданд.
Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон он замон гуфт, ки масъалаи таъйини марзи миёни ду кишвар “тақрибан ба анҷом расида”, танҳо расмиёти қонунӣ боқӣ мондааст.
Бояд гуфт, ки дарозии умумии марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон 972 километр буда, музокироти марзӣ миёни ду кишвар аз моҳи декабри соли 2002 то кунун идома дорад.16:41

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед