Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд
Акс: avesta.tj

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Рӯзҳои 16-17 март ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар делимитатсия ва демаркатсия дар шаҳри Гулистони сарҳади муштараки вилояти Суғд баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. 

Хабар дода мешавад, ки ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов намояндагӣ кард. Роҳбари ҳайати Қирғизистон Камчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд.

 "Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаи делимитацияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт", - гуфта мешавад дар вебсайти вазорат. Қайд карда шуд, ки мулоқот дар фазои дӯстона гузашт. 

Масъалаи сарҳадиТоҷикистону Қирғизистонро ду кишвар аз соли 2002 инҷониб ҳал мекунанд, дар ҷараёни гуфтушунидҳо 60% ҳудуд муайян карда шуд, аммо як бахши калон ҳанӯз ҳам номуайян боқӣ мондааст.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед