Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориҳои амниятиро баррасӣ карданд
Нашр шуд
Дар Қасри миллат мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммад Асим Малик, раҳбари Хадамоти байниидоравии истихбороти Покистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои ин манбаъ, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Асим Малик вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва ҳалли дигар масоили мубрами ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раҳбари Тоҷикистон зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари робитаҳои сиёсии тарафҳо, сатҳи бовариву эътимод миёни ду кишварро баланд арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъкиди ҳамёрӣ дар соҳаи амният тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавиро ба суди ду кишвар донист.
Дар баробари ин, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Асим Малик зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед