Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Русия тақвияти мубориза бо ҷиноятҳоро баррасӣ карданд
Нашр шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода ахиран бо муовини вазири корҳои дохилии Русия, Андрей Храпов мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, инчунин мубодилаи иттилоот, таҷриба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъда ва таҳкими ҳамкории самарабахш изҳор намуданд.
Бояд гуфт, ки ахиран дар доираи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати шахсоне пешниҳод шуд, ки маълумот дар бораи қонунӣ будани будубоши онҳо дар пойгоҳи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия мавҷуд нест.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки ба ин руйхат номи 120 ҳазор шаҳрванди ин кишвар шомил аст.
Дар ин замина таъкид мешавад, шаҳрвандони хориҷие, ки дар он рӯйхат қарор доранд, бояд фавран қаламрави Федератсияи Русияро тарк кунанд.
Ҳамзамон афроде, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, вале дар айни замон барои будубоши қонунӣ дар қаламрави Русия асос доранд, бояд ба ниҳодҳои ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат кунанд.
Қобили зикр аст, ки Русия мизбони беш аз 90 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед