Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Украина: гуфтугӯи маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳо

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Украина: гуфтугӯи маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳо
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Украина: гуфтугӯи маҷозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳо

Нашр шуд

Рӯзи 1-уми июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Украина Димитрий Кулеба дар шакли маҷозӣ мулоқот намуд.

Котиботи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 1-уми июни соли 2021 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар шакли маҷозӣ сурат гирифта, дар он ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки аз Украина ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти консервашуда, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, маводи доруворӣ, семент, гилхок, ангишт, кокс, пек, нафт, корунди сунъӣ, оксиди алюминий, гидрооксиди алюмин, муҳаррикҳо ва генераторҳо, гидротурбинаҳо, коғаз, масолеҳи сохтмон, маснуоти металлӣ, таҷҳизоти маишӣ, техникаи хоҷагии қишлоқ, тракторҳо, вагонҳои роҳи оҳан, мебел ва фурнитура ворид карда мешавад.

Маводи асосии содирот аз Тоҷикистон ба Украина нахи пахта, маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла, мева, сабзавот ва меваи хушк мебошанд.

Ҳамкории Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ низ дар ҳоли рушд аст.

Ҳамасола шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи бурсияҳои давлатӣ ба мактабҳои олии Украина дохил мешаванд.



Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии ислоҳоти милитсия то иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Президент


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед