Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Қувайт ҳамкориҳоро дар бахшҳои сармоягузорӣ ва иқтисодиёт тақвият мебахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Қувайт ҳамкориҳоро дар бахшҳои сармоягузорӣ ва иқтисодиёт тақвият мебахшанд
Акс: ТоҷикТА

Тоҷикистон ва Қувайт ҳамкориҳоро дар бахшҳои сармоягузорӣ ва иқтисодиёт тақвият мебахшанд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдзода рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ бо Мудири кулли Фонди қувайтии рушди иқтисодиёти араб Марвон ал-Ғоним мулоқоти корӣ анҷом дод.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҳошияи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳолати феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Қувайтро баррасӣ намудаанд.

Ҳамчунин, дар мулоқот масоили такмили фазои сармоягузории ду кишвар мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Дар фарҷоми дидор Марвон ал-Ғоним изҳор доштааст, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории Тоҷикистон, Фонди қувайтии рушди иқтисодиёти араб дар оянда низ саҳми худро мегузорад.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Давлати Қувайт 31 -уми марти соли 1995 барқарор шуда буд.


Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои ҳифзи иҷтимоиву иқтисодӣ густариш меёбанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед