Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Узбекистон тавофуқномаи ҳампаймонӣ имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Узбекистон тавофуқномаи ҳампаймонӣ имзо карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон ва Узбекистон тавофуқномаи ҳампаймонӣ имзо карданд

Нашр шуд

Дар поёни музокирот руасои ҷумҳури Узбекистон ва Тоҷикистон дар Душанбе миёни ду кишвар тавофуқи муносибатҳои ҳампаймонӣ ба имзо расид. Дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар маҷмуъ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 28 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон рӯзи 18-уми апрел дар поёни музокироти сатҳи олӣ ба тавофуқи ҳампаймонӣ байни ду кишвар имзо гузоштанд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод.

Сипас дар ҳузури Мирзиёев ва Раҳмон аз тарафи намояндагони ҳайатҳои расмии ду кишвар табодули санадҳои нави имзошуда баргузор гардид.

Аз ҷумла ҷиҳати рушди муносибатҳои байниминтақаии ду кишвар 6 созишнома миёни мақомоти вилоятҳои Хатлону Суғди Тоҷикистон бо вилоятҳои Хоразм, Фарғона, Сирдарё, Намангон ва Андиҷони Узбекистон ба имзо расид.

Дар баробари ин байни ду ҷониб созишнома, тафоҳумнома, ёддошти тафоҳум, харитаи роҳ ва барномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳифзи сарҳад, саноат, иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ,  сохти пул, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, байторӣ ва бехатарии озуқаворӣ, фарҳанг, китобдорӣ, омода кардани мутахассисон дар соҳаҳои вирусшиносӣ, микробиология, биологияи молекулаӣ, ҳамагиршиносӣ (эпидемиология), биотехнология ва фармакология, сайёҳӣ ва фаъолияти бонкӣ имзо карданд.

Сафари давлатии раисҷумҳури  Узбекистон дар Тоҷикистон фардо низ идома хоҳад дошт ва интизор аст, ки Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми апрел дар маросими ифтитоҳи сафорати нави Узбекистон дар Душанбе иштирок кунанд.

Тибқи иттилоъи расмӣ, ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соли гузашта ба беш аз 756 милён долар расид, ки дар қиёс ба соли 2018 ду баробар зиёд аст.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки муомилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 40% афзуда, ҷонибҳо доранд, ки дар солҳои наздик ҳаҷми тиҷоратро ба 2 милярд долар расонанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед