Ru  | Tj
Тоҷикистонро боз заминларза такон дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистонро боз заминларза такон дод
Акс: Интернет

Тоҷикистонро боз заминларза такон дод

Нашр шуд

Рӯзи 23-юми март соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон боз заминларза рух дод.

Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази ин заминларза дар 95-километрии ҷанубу шарқии шаҳри Хуҷанд, дар умқи 20 километр воқеъ буд.

Ба иттилои ин манбаъ, нерӯи заминларза дар маркази он 5.9 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе ба 4 дараҷа баробар буд.

Бояд гуфт, ки заминҷунбии рӯзи 23-юми мартро дар Қирғизистону Ӯзбакистон низ эҳсос кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои маркази назорати заминларзаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон 23 марти соли 2023, ба вақти Тошканд, соати 01:07 дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Мушаххасоти заминларза 39,39 дараҷаи арзи шимолӣ, 69,93 дараҷа тӯли шарқӣ, нерӯи он дар марказ 6 балл ва умқи он 15 км зикр шудааст. Маркази зилзила 217-километрии ҷанубу шарқӣ шаҳри Тошканд гуфта шудааст. Ба навиштаи ин манбаъ, дар қаламрави Ӯзбекистон шиддати заминларза аз 4 то 5 дараҷа буд.

Дар баробари ин, ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, дувумин заминларзаи шабона бо шиддати 3,9 дараҷа дар соати 01:36 ба вақти Тошканд дар Тоҷикистон рух дод.

Маркази заминларза дар 215-километрии ҷанубу шарқи Тошканд воқеъ буд. Ин дафъа дар Ӯзбекистон заминларза эҳсос нашуд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 21-уми март низ дар Тоҷикистонро заминларзаи сахт такон дод. Шиддаташро 5 дараҷаи Рихтер гуфтанд.

Маркази ин заминларза дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон воқеъ буда, шиддати он 6,5 дараҷа буд. Тибқи охирин маълумот, бар асари ин заминҷунбӣ дар Афғонистон ва Покистон 13 тан ҳалок шуда, беш аз сад нафар ҷароҳат бардоштанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед