Ru  | Tj
Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Порис 14 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Порис 14 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Порис 14 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард

Нашр шуд

14 варзишгари тоҷик ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26 июл то 11 августи соли ҷорӣ дар пойтахти Фаронса баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Аз ин миён 11 нафар роҳхати олимпиро соҳиб шуда, се нафари дигар тибқи саҳмия ба ин мусобиқа мераванд.
 
Радабандии олимпии куштигирон дар вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, ки тибқи он 7 варзишгари Тоҷикистон меъёрҳои дарёфти роҳхати олимпиро иҷро карданд ва метавонанд дар Бозиҳои олимпии Порис ширкат кунанд.
 
Дар ин радабандӣ Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг бо 4463 имтиёз дар ҷойи ҳафтум, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг бо 3945 имтиёз ҷойи ёздаҳум, Сомон Маҳмадбеков вазни то 81 кг бо 4240 имтиёз ҷойи 11-ум, Комроншо Устопириён вазни то 90 кг бо 2746 имтиёз ҷойи бистум, Ҷаҳонгир Маҷидов вазни то 100 кг бо 1850 имтиёз ҷойи 32 ва Темур Раҳимов вазни зиёда аз 100 кг бо 6220 имтиёз дар ҷои сеюм қарор доранд.
 
Дар ин миён Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кг бо 3283 имтиёз дар радабандии олимпӣ дар ҷои 19-ум қарор дошт, низ метавонист ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёбад, аммо азбаски дар ҳар вазн аз кишвар танҳо як варзишгар роҳ меёбад, бинобар ин Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпӣ дар ин вазн Эмомалӣ Нуралӣ намояндагӣ хоҳад кард.
 
Ба ин тартиб, шаш ҷудокор аз Тоҷикистон дар рақобатҳои инфиродӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтанд, ки дар таърихи ин намуди варзиш барои Душанбе нишондоди рекордист. Танҳо дар вазни то 60 кг дар риштаи ҷудо Тоҷикистон намояндаи худро дар Бозиҳои олимпӣ надорад.
 
Бояд гуфт, ки қаблан панҷ варзишгари тоҷик дар риштаҳои бокс (3) куштии озод (1) ва таэквондо (1) соҳиби роҳхатҳои олимпӣ шуда буданд.
 
Илова бар ин, тибқи саҳмия, аз Тоҷикистон дар Олимпиадаи Порис-2024 дар риштаи шиноварӣ (ду варзишгар – як мард ва як зан) ва варзиши сабук (як варзишгар) ширкат хоҳанд кард.
 
Бояд гуфт, ки варзишгарон Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлол бори аввал дар Бозиҳои олимпии соли 1996 ширкат карданд. Дар маҷмӯъ, варзишгарони тоҷик дар ин муддат тавонистанд чаҳор медал (1 тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оранд.
 
Танҳо медали тилоро барои Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед