Ru  | Tj
Тоҷикистону Амрико равобити дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Амрико равобити дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Амрико равобити дуҷониба ва вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дирӯз дар шаҳри Вашингтон бо Котиби давлатии Иëлоти Муттаҳидаи Амрико Энтони Блинкен дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар мулоқоти роҳбари ин ниҳод бо ҳамтои амрикоияш масоили марбут ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи Душанбеву Вашингтон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкории амниятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ин дидор ҳамчунин ба имконоти васеи рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ишора шудааст.

Вазъи кунунии Афғонистон аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи Муҳриддин ва Блинкен будааст ва тарафҳо дар ин зимн ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ҷонибҳо инчунин аҳаммияти платформаи «С5+1» барои минтақа ва ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро муҳокима намудаанд.

Бояд гуфт, ки Сироҷиддин Муҳриддин ҳафтаи гузашта ба манзури ширкат дар иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Амрико рафта буд. Дар ҳошияи ин иҷлос вай бо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамтоëни хориҷии худ чандин мулоқотҳои дуҷониба ва чандҷониба анҷом дод. Вай ҳамчунин 24-уми сентябр дар мубоҳисаи умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ суханронӣ кард.


Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед