Ru  | Tj
Тоҷикистону Арабистон зарурати ҳамкорӣ дар соҳаи геодезӣ ва муҳандисиро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Арабистон зарурати ҳамкорӣ дар соҳаи геодезӣ ва муҳандисиро баррасӣ карданд
Акс: Avesta.tj

Тоҷикистону Арабистон зарурати ҳамкорӣ дар соҳаи геодезӣ ва муҳандисиро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Бино ба хабари Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон рӯзи 2-уми декабр раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид – бин - Абдурраҳмон мулоқот намуд ва масоили марбут ба геодезӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
 
 Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар анҷоми таҳқиқоти калонҳаҷми хок ва баҳои иқтисодии замин, рушди таҳсили географӣ дар Тоҷикистон ва тақвияти соҳаи геодезӣ ва муҳандисӣ бо амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд.
 
Ориф Хоҷазода раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ гуфт, ки ҳамкориҳои ду тараф ба натиҷаҳои судманд ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ анҷом хоҳад ёфт.
 
Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки барои тавсеаи ҳамкории минбаъда имзои созишномаҳои ҳамкорӣ байни ду тараф зарур аст.
 
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон соли 2010-ум ифтитоҳ шудааст. Аммо бунёди рушди Саудӣ аз оғози солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон фаъолият дошта, ба маблағгузории тарҳҳои мухталиф саҳм мегузорад. 

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тавофуқҳои сиёсиро густариш медиҳанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед