Ru  | Tj
Тоҷикистону Арманистон дар мавриди рушди муносибот машварате доир карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Арманистон дар мавриди рушди муносибот машварате доир карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Арманистон дар мавриди рушди муносибот машварате доир карданд

Нашр шуд

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷии ду кишвар доир шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷонибҳо дар ин машварат, ки дирӯз дар Душанбе баргузор гашт, масоили муҳимми таҳкими муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баҳсу баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар баробари муҳокимаи муносиботи дуҷониба ҳамчунин ҳайатҳои Тоҷикистону Арманистон перомуни  ҳамкории ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ  табодули афкор кардаанд.

Манбаъ меафзояд, масоили марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ аз дигар меҳварҳои ин машваратҳо будааст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз миëни Тоҷикистону Арманистон зиёда аз 30 асноди ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, бо мақсади густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъсис дода шудааст.
Ҷаласаи сеюми он 13-14-уми июли соли 2017 дар Ереван баргузор гардида буд.



Тоҷикистон ва Чин: баррасии рушди муносибатҳо дар Душанбе

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед