Ru  | Tj
Тоҷикистону Қатар ҳамкориҳо дар заминаи ҳифзи муҳити зистро тақвият мебахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Қатар ҳамкориҳо дар заминаи ҳифзи муҳити зистро тақвият мебахшанд
Акс: Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикистону Қатар ҳамкориҳо дар заминаи ҳифзи муҳити зистро тақвият мебахшанд

Нашр шуд

Тоҷикистону Қатар дар оянда ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои муҳити зисти ҳарду давлат ва равобит дар заминаи гардишгарии экологиро тақвият мебахшанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз мулоқоти роҳбари ин ниҳод Баҳодур Шерализода бо Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар доктор Фалеҳ Носир Ал-Танӣ дар шаҳри Глазго хабар дод. 

Гуфта мешавад, Шерализода ва Ал-Танӣ дар ҳошияи 26-умин Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мулоқот кардаву масъалаи имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Вазорати ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатарро баррасӣ намудаанд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо дар ин дидор масоили густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои муҳити зисти ҳарду кишвар ва рушди равобит дар бахши гардишгарии экологиро муҳокима кардаанд. 

Вазири қатарӣ ҳамчунин ба ташаббуси Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таваҷҷуҳ зоҳир намудаву таъкид доштааст, ки ин иқдом аз ҷониби Давлати Қатар мусбат арзёбӣ мешавад. 

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим 2-юми ноябр ба таври маҷозӣ суханронӣ кардаву таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро ба масъалаи обшавии пиряхҳо ҷалб намуда буд. 

Раҳмон аз ҷумла гуфт, ки дар чанд даҳсолаи ахир аз се як ҳисса аз ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, кам гардидаанд.

Сарвари Тоҷикистон дар ин суханронии хеш бори дигар таъкид сохт, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, ҳамчуни “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шавад. 

Вай ҳамчунин ба зарурати таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ишора намуд.

Ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи сейсмология


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед