Ru  | Tj
Тоҷикистону Қазоқистон қарордодҳои муҳимми тиҷоратиро ба имзо расониданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Қазоқистон қарордодҳои муҳимми тиҷоратиро ба имзо расониданд
Акс: Интернет-портал СНГ

Тоҷикистону Қазоқистон қарордодҳои муҳимми тиҷоратиро ба имзо расониданд

Нашр шуд

Дирӯз аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди байни ширкатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, 5 санад ба имзо расид. Дар ин бора палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.

Ҳамчунин ҶС “Центр развития торговой политики “QazTrade” дар ин бора хабар медиҳад, ки 3 қарордод дар бораи таҳвили маҳсулот аз Қазоқистон ва 2 ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи умумии то 100 млн доллар ба тасвиб расидааст. Сафари ҳайати ширкатҳои Қазоқистон ба Тоҷикистон то 21-уми май идома меёбад. Вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои раҳбарияти ширкати QazTrade бо намояндагони боз як қатор сохторҳои давлатӣ ва тоҷирони Тоҷикистон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар соли 2020 дар гардиши савдои дуҷониба бо Тоҷикистон Қазоқистон пас аз Русия зинаи дуюмро ишғол кард.

Ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2020 дар маҷмуъ 910 млн долларро ташкил додааст, ки 757 млн доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ва 152 млн доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд.

Қазоқистон инчунин яке аз сармоягузорони асосӣ ба Тоҷикистон дониста шуда, аз лиҳози маблағгузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ пас аз Чину Русия дар зинаи сеюм қарор дорад.


Тоҷикистону Қазоқистон: Дар Душанбе форуми тиҷоратии кишварҳо баргузор мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед