Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тоҷикистону Қазоқистон масъалаи воридоти нафту газро баррасӣ карданд
Нашр шуд
Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири энержии Қазоқистон ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши обу энержӣ баррасӣ шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ахиран дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти сафири ин кишвар Хайрулло Ибодзода бо вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши обу энержӣ, аз ҷумла воридоти нафту газ аз Қазоқистон ба Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Тавзеҳоти бештар аз ҷузъиёти ин мулоқот зикр нашудааст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз миёни маҳсулоти нафтӣ, асосан аз Қазоқистон гази моеъ ворид мекунад. Тибқи оморҳои расмӣ, дар 10 моҳи соли 2022 Тоҷикистон дар умум наздики 340 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 155,2 млн доллар ворид кардааст. Дар соли 2021-ум бошад ин кишвар барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ 410 ҳазор тонна гази моеъ (аз Қазоқистон 360 ҳазор тонна) ворид карда буд.
Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир ба далели нархи арзон наздики 60 дарсади нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд. Аз сӯйи дигар дар як моҳи охир қимати як литр гази моеъ дар Тоҷикистон наздики 50 дарсад коҳиш ёфта, то ба 3 сомониву 60 дирам расидааст.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки дар 11 моҳи соли 2022 ба Тоҷикистон 711,73 тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла ҳудуди 300 ҳазор тонна бензин ба маблағи 231,4 млн доллар ва 350 ҳазор тонна сӯхти дизелӣ ба маблағи 305,68 млн доллар ворид карда шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед