Ru  | Tj
Тоҷикистону Белорус корхонаи муштараки истеҳсоли лифт бунёд мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Белорус корхонаи муштараки истеҳсоли лифт  бунёд мекунанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Белорус корхонаи муштараки истеҳсоли лифт бунёд мекунанд

Нашр шуд

Иқдоми мазкурро ширкатҳои "Хуҷандторгмаш" ва "Могилевлифтмаш" пеш гирифтаанд.

Тавре Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, рӯзи 24-уми январ Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд бо намояндагони ширкати "Могилевлифтмаш"-и Белорусия мулоқот анҷом додааст.

Ба таъкиди манбаъ, зимни вохӯрӣ тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар наздиктарин фурсат дар шаҳри Хуҷанд таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо оғоз мекунанд.

Ҳамзамон, Александр Сорокин, роҳбари бюрои фурӯши ширкати беларусии "Могилевлифтмаш" дар рафти музокирот қайд намудааст, ки ширкати онҳо омода аст, ки корхонаю ташкилот ва аҳолии шаҳри Хуҷандро бо лифтҳои замонавӣ таъмин намояд. 

Гуфта мешавад, ки шароити майдони истеҳсоли ширкати "Хуҷандторгмаш" ба намояндагони ширкати "Могилевлифтмаш" муаррифӣ шудааст.

Ширкати "Могилевлифтмаш"-и Белорус ба истеҳсоли лифтҳои борбардорӣ ва боркашонӣ барои хонаҳои баландошёна ва барои беморхонаю коттеҷҳо ( зиёда аз 180 модел) машғул буда, қудрати борбардории лифтҳо аз 100 кг то 6,300 кг мебошад.

Дар ширкати мазкур, инчунин лифтҳо барои афроди маъюб, эскалатору траволаторҳо, борбардорҳои сохтмонӣ ва резакунакҳо (молчерҳо), молҳои сермасруф истеҳсол карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи феврали соли 2019 ширкати ҶДММ "Хуҷандторгмаш" қасд намуда буд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони ӯзбеки худ корхонаи истеҳсоли трансформаторҳо ба роҳ монад.

Дар ширкати ватании ҶДММ "Хуҷандторгмаш" чанд навъи таҷҳизоти барқӣ барои ошхона ва таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ истеҳсол карда мешаванд.


Донишҷӯёни Коллеҷи санъати Душанбе дар Озмуни байналмилалии «УРАЛ–ИЛЕ» ҷойи якумро гирифтанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед