Ru  | Tj
Тоҷикистону Чин дар тамринҳои Ромит аз навтарин аслиҳа ва тӯпҳои дурпарвоз истифода намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Чин дар тамринҳои Ромит аз навтарин аслиҳа ва тӯпҳои дурпарвоз истифода намуданд
Акс: Sputnik

Тоҷикистону Чин дар тамринҳои Ромит аз навтарин аслиҳа ва тӯпҳои дурпарвоз истифода намуданд

Нашр шуд

Дар тамринҳои муштараки тактикии Тоҷикистону Чин дар дараи Ромит навтарин аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ истифода шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар машқгоҳи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат тамринҳои муштараки тактикии ниҳодҳои вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин баргузор шуданд.

Манбаъ афзуд, ки дар ин машқҳо аз навтарин аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла силоҳи низомӣ, танкҳо ва тӯпҳои дурпарвозу ҳавоӣ ва дронҳо истифода шудааст.

Гуфта мешавад, раванди тамринҳоро муовини вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода ва намояндаи Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Лю Юнфэн назорат кардаанд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки имрӯз машқҳои тактикӣ ба анҷом мерасанд ва аз онҳо натиҷагирӣ карда мешавад.

Лозим ба зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи гузашта дар сӯҳбат бо Вэй Фэнх, Вазири мудофиаи Чин ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳимми муносибатҳои Душанбеву Пекин унвон карда буд.

Пас аз ғасби қудрат аз сӯи Толибон* (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) дар Афғонистони ҳамсоя Тоҷикистон ҷиддан ба ҳама гуна зарбаҳои эҳтимолӣ омодагӣ мегирад.

Пеш аз ин ҳам дар наздикии сарҳади Афғонистон тамринҳои муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон баргузор шуда буд, ки мақомот онро муваффақ арзёбӣ карданд.

Бо мошинҳои обкашӣ сокинонро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунанд: эълони қатъи об дар Душанбе


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед