Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Давлати Фаластин хостори рушди равобити байнипарлумонӣ шуданд
Нашр шуд
Роҳбари Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Фаластин Зоир Раҳмонзода ва Сафири Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исо мулоқот ва ровобити ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба иттилои котиботи Парлумони Тоҷикистон, дар дидори вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо Луай Исо масоили густариши равобити Тоҷикистону Фаластин дар бахшҳои мухталиф, ба вижа тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар баҳсу баррасӣ шудааст.
Вакили тоҷик гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду тақвияти бештари муносибатҳо бо Фаластин таваҷҷӯҳи махсус дорад ва талош мекунад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар густариш ёбанд.
Тарафҳо таъкид доштанд, ки дар навбати аввал бояд кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин беҳбуд ёбад ва ҳарду ҷониб ҷиҳати тақвияти фаъолияти ин гурӯҳ иқдомҳои муассир андешанд.
Сафоратхонаи Давлати Фаластин дар Душанбе моҳи апрели соли гузашта ифтитоҳ шуда буд ва Луай Исо нахустин Сафири Фаластин дар Тоҷикистон аст.
Луай Исо чанд моҳе қабл гуфта буд, ки дар ояндаи наздик миёни ду кишвар 20 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо мерасад.
Вай афзуда буд, ки Созишнома дар бахши маориф ва ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони фаластинӣ дар макотиби олии Тоҷикистон яке аз ин 20 созишнома аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед