Ru  | Tj
Тоҷикистону Эрон барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таҳия мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Эрон барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таҳия мекунанд
Акс: ParsToday

Тоҷикистону Эрон барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таҳия мекунанд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо Вазири иқтисод ва молияи Эрон Сайид Эҳсони Хондӯзӣ дидору гуфтугӯ кард. 

Ба гузориши Sputnik, Сайид Эҳсони Хондӯзӣ рӯзи 14-уми ноябр дар мулоқоти худ бо Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар Теҳрон гуфт, ки кишвараш хостори тавсеаи равобит бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳавзаи тамаддуни Эрон аст. 

Хондузӣ сафари раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе дар моҳи сенятбри имсолро як сафари таърихӣ ва боаҳамият унвон кардаву  ба зарурати барномарезии тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддат дар бахшҳои иқтисодӣ ва фаннӣ таъкид намуд.  

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо аз ҷумла ба таҳияи як барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудаанд. 

Коршиносон сафари Саид Иброҳим Раисӣ, Президенти тозаинтихоби Эрон ба Душанбе дар моҳи сентябри имсолро, ки нахустин сафари хориҷии вай ба ҳайси Сарвари давлат ба шумор меравад, такони ҷиддие дар густариши равобити Тоҷикистону Эрон унвон мекунанд. 

Солҳои қабл Эрону Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ чанд лоиҳаи муваффақеро амалӣ намуда буданд, ки аз ин шумор метавон бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва нақби “Истиқлол”-ро ном бурд. 

Эрон давоми чанд моҳи охир борҳо таъкид намудааст, ки хостори густариши равобити иқтисодӣ бо Тоҷикистон аст.

Аз ҷумла қаблан Сайида Фотима Муқимӣ, узви ҳайати Раёсати утоқи бозаргонӣ, саноеъ маодин ва кишоварзии Теҳрон гуфта буд, ки дастрасии Эрон ба Аврупо аз тариқи Тоҷикистон имконияти идеалие барои рушди иқтисод ва тиҷорати Эрон фароҳам меорад.

Вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон ҳамкории ду кишвар ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед