Ru  | Tj
Тоҷикистону Эрон дар садади таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидӣ ҳастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Эрон дар садади таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидӣ ҳастанд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Эрон дар садади таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидӣ ҳастанд

Нашр шуд

Тоҷикистон ба ҷониби Эрон пешниҳод намуд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар корхонаҳои тавлидии муштарак бунёд кунанд.  

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Абдураҳмон Абудраҳмонзода, муовини раҳбари ин ниҳод рӯзи 2-юми декабр бо Париноз Пешдодиён, роҳбари Маркази тиҷоратии “Фикри бартар”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот ва масоили рушди равобити ду кишварро баррасӣ кард. 

Таъкид шуд, ки имсол ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Душанбеву Теҳрон рушди чашмрас дошта, ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ бо Эрон дар 11 моҳи соли равон баробар ба 93,2 миллион доллар будааст, ки назар ба соли гузашта беш аз 40 миллион доллар зиёд аст. 

Манбаъ меафзояд, Абдураҳмонзода ба ҷониби Эрон пешниҳод кардааст, ки ба манзури тақвияти бештари ҳамкориҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон корхонаҳои тавлидии муштарак таъсис дода шаванд. 

Ин мақоми тоҷик гуфтааст, ки таъсиси корхонаҳои муштараки тавлиди обҳои маъданӣ, хамираи помидор ва консерв ба манфиати тарафҳо хоҳад буд ва хонум Пешдодиён пешниҳоди мазкурро хуб пазируфтааст. 

Омодасозӣ ва имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Маркази тиҷоратии “Фикри бартар”-и Эрон аз дигар меҳварҳои аслии гуфтугӯи Абдураҳмонзода ва Пешдодиён буд. 

Қаблан Вазири иқтисод ва молияи Эрон Сайид Эҳсони Хондӯзӣ гуфта буд, ки онҳо дар садади таҳияи як барномаи вижа ва дарозмуддати ҳамкории  иқтисодиву тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ҳастанд. 

Коршиносон сафари Саид Иброҳим Раисӣ, Президенти тозаинтихоби Эрон ба Душанбе дар моҳи сентябри имсолро, ки нахустин сафари хориҷии вай ба ҳайси Сарвари давлат ба шумор меравад, такони ҷиддие дар густариши равобити Тоҷикистону Эрон унвон мекунанд. 

Тоҷикистон нақша дорад, ки бо С.Петербург корхонаҳои муштарак бунёд кунад


Солҳои қабл Эрону Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ чанд лоиҳаи муваффақеро амалӣ намуда буданд, ки аз ин шумор метавон бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва нақби “Истиқлол”-ро ном бурд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед