Ru  | Tj
Тоҷикистону Гурҷистон ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони нав мебахшанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Гурҷистон ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони нав мебахшанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Гурҷистон ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд такони нав мебахшанд

Нашр шуд

Дар Душанбе масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон дар заминаҳои сиëсату иқтисод ва фарҳанг баҳсу баррасӣ шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз дар Душанбе миëни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

Гуфта мешавад, ин машварат таҳти роҳбарии муовинони вазирони хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Александр Хвтисиашвили доир шуда, дар он дарëфти роҳҳои рушди муносиботи мутақобилан судманд муҳокима гаштааст.

Манбаъ меафзояд, дар ин машварат ҳайатҳо масоили мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ ва дар дигар заминаҳоро баррасӣ кардаанд.

 Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, Тоҷикистону Гурҷистон зимни машваратҳо ба тавофуқ расидаанд, ки бо талошҳои муштараки мақомоти корҳои хориҷӣ ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Гурҷистон такони нав хоҳанд бахшид.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз миëни Тоҷикистону Гурҷистон  се ҳуҷҷати дуҷониба, Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ва ду созишномаи байниидоравӣ оид ба ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон имзо шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар баррасии ҷонибҳо зиёда аз 15 лоиҳаи санадҳои дуҷониба қарор доранд.

Моҳи феврали соли гузашта аввалин ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазир дар шакли маҷозӣ баргузор гардида буд.

Баррасии ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Афғонистон. Эмомалӣ Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф мулоқот кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед