Ru  | Tj
Тоҷикистон, Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум оид ба кӯмаки грантӣ ба маблағи 16,94 миллион долларро имзо намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон, Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум оид ба кӯмаки грантӣ ба маблағи 16,94 миллион долларро имзо намуданд

Тоҷикистон, Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум оид ба кӯмаки грантӣ ба маблағи 16,94 миллион долларро имзо намуданд

Нашр шуд

Ҳукумати Ҳиндустон дар доираи Барномаи рушди ҷомеа (HICDP) дар Тоҷикистон тариқи грант як қатор лоиҳаҳоро маблағгузорӣ менамояд.

Бинобар иттилои Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон,  рӯзи 16-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум оид ба кӯмаки бебозгашт ҷиҳати татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ аз ҷониби Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Тоҷикистон ва Вираҷ Сингҳ, Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон имзо гардид.

Таъкид мегардад, ки мувофиқ ба санади имзошуда Вазорати молияи Тоҷикистон метавонад лоиҳаҳоеро пешниҳод намояд, ки арзиши онҳо аз 16,94 миллион сомонӣ зиёд набошад.

Ба зикри манбаъ, лоиҳаҳо бояд ба масоили рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии воситаҳои зист, тавонмандсозии имконият ва ҳуқуқи занон, ҳимояи кӯдакон ва беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе марҳилаи аввали лоиҳаи бунёди шоҳроҳи 8-хатта аз деҳаи Чортут то гардиши Айниро амалӣ менамояд, ки арзиши он тақрибан 17,54 миллион долларро (маблағгузорӣ дар асоси грант) ташкил медиҳад.

То имрӯз 35%-и корҳои лоиҳаи мазкур анҷом дода шуда, тибқи нақша 65%-и корҳои боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 амалӣ карда шаванд.


Рустами Эмомалӣ: Тавонистем, ки тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор намоем




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед