Ru  | Tj
Тоҷикистону Қирғизистон протокол имзо карда, ба созиш расиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Қирғизистон протокол имзо карда, ба созиш расиданд
Акс: Sputnik

Тоҷикистону Қирғизистон протокол имзо карда, ба созиш расиданд

Нашр шуд

Саймумин Ятимов пас аз имзои протокол бо ҷониби Қирғизистон гуфт: "Мо ба созиши умумӣ расидем ва Протокол ба имзо расонидем. Итминон дорем, ки дар сарҳадҳои давлатии мо сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад".

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, 19-уми сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон» мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва ҳамтои қирғизи вай Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Дар ин мулоқот тарафҳо протоколе имзо намуданд, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин мешавад.

Гуфта мешавад, Ятимов ва Ташиев ҳамчунин ба риояи ҳатмии оташбас таъкид намуда, зикр кадаанд, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.

Манбаъ меафзояд, Саймумин Ятимов   пас аз ин мулоқот зимни суҳбат бо хабарнигорон аз ҷумла гуфтааст: «Мо ба созиши умумӣ расидем ва Протокол ба имзо расонидем. Итминон дорем, ки дар сарҳадҳои давлатии мо сулҳи ҳақиқӣ пойдор мешавад. Мо фаъолияти худро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо дар руҳияи манфиатҳои ду халқи бародар ба роҳ мемонем».

Ҳамчунин, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баён кардааст, ки
«ман бисёр умедворам, ки Протокол дар бораи ҳусни тафоҳум, ки мо бо Саймумин Сатторович ба имзо расонидем, ба кишварҳои мо сулҳ меорад. Бовар дорам, ки сулҳ ҳамеша беҳтар аст ва барои сулҳ мо талош меварзем».

Ин дар ҳолест, ки қаблан Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Дабири кулли СММ  оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттилоъ дода,  аксҳоеро, ки далели таҷовузи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур намуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ паëми таслият фиристод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед