Ru  | Tj
Тоҷикистону Миср ба густариши ҳамкориҳо алоқамандӣ зоҳир карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Миср ба густариши ҳамкориҳо алоқамандӣ зоҳир карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистону Миср ба густариши ҳамкориҳо алоқамандӣ зоҳир карданд

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Қоҳира ва  муовини Вазири корҳои хориҷии Миср масоили марбут ба густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталифро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, 27-уми сентябр Сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор масоили вобаста ба таҳкими муносиботи дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо дар ин мулоқот ба густариши бештари робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Арабии Миср бо намояндагони воломақоми ин мамлакат дидору вохӯриҳо анҷом дода, Мисрро аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар қитъаи Африқо унвон карда буд.


Мухриддин ва Ардакониён густариши равобити Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед