Ru  | Tj
Тоҷикистону Миср ба густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар таъкид намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Миср ба густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар таъкид намуданд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Миср ба густариши равобити байнипарлумонии ду кишвар таъкид намуданд

Нашр шуд

Тоҷикистону Миср таъкид карданд, ки бояд аз имкону зарфиятҳои мавҷуди парлумонҳои ду кишвар барои нақшгузорӣ дар тавсеаи ҳамкориҳо  истифода намоянд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Заробиддин Қосимӣ, Сафири  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср 30-юми март дар Қоҳира бо муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар доир ба умури парлумонӣ Осим Ҳанафӣ Ас-Сайфӣ мулоқот кард.

Манбаъ мегӯяд, масоили вобаста ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол намудани гурӯҳи дуҷонибаи дӯстии парлумонӣ аз меҳварҳои аслии ин гуфтугӯ будаанд, аммо Қосимӣ ва Ас-Сайфӣ дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро низ баррасӣ намудаанд.

Ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки бояд имкону зарфияти мавҷудаи парлумонҳо барои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд истифода шаванд.

Моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараëни сафари кории худ ба Миср бо Раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот ва густариши робитаҳои байнипарлумонии Душанбеву Қоҳираро баррасӣ карда буд.

Тоҷикистон борҳо гуфтааст, ки Мисрро аз муҳимтарин шарикони худ дар миëни кишварҳои арабӣ медонад.


Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар бахши низоми бонкӣ тавсеа медиҳанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед