Ru  | Tj
Тоҷикистону Нидерландия мехоҳанд дар соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ дошта бошанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистону Нидерландия мехоҳанд дар соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ дошта бошанд
Акс: Интернет

Тоҷикистону Нидерландия мехоҳанд дар соҳаи кишоварзӣ ҳамкорӣ дошта бошанд

Нашр шуд

Дар назар аст, ки Бизнес-форуми ширкатҳои  кишоварзии тоҷику нидерландӣ дар Душанбе доир гардад. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Гуфта мешавад, ки вохӯрии соҳибкорон дар доираи ҳадафи тиҷоратии намояндагони ширкатҳои пешбари нидерландӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, ки аз 10-ум то 13-уми октябр идома меёбад.

Баргузоркунандагони ҳамоиш Палатаи савдо ва саноат, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Шоҳигарии Нидерландия номбар гардидаанд.

Дар назар аст, ки дар бизнес-форум намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат, Сафорати шоҳигарии Нидерландия, намояндагони ширкатҳои нидерландӣ сухан гӯянд.




Сафорати Амрико ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 20 адад автомобили тамғаи ҷипи J8 тақдим кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед